Наќшаи мухтасари худ барои худ

Ман мутахассиси бузурги забони англисї хастам. Аз соли 1958 то 2008 дар омўзишгоњњои Љумњурии Тољикистон ва Ќазоќистон ба вазифаи дотсентї 50 сол корманд шудам. Номзади илмњои филология њастам. Соли 1962-63 дар  сафорати СССР дар Миср (Египед) ба вазифаи тарљумонї корманд шудам. Бисёр китобу маќолањои чопшуда дорам. Як китобам ба забони англисї TojikIndian Yoga Secrets/ India, 2013/ дар  Интернет љой дорад, дастраси њамагон гашта, сирру асрори Йогаро фањмидаю дониста, барои њаёти бењтаринро аз сар гузаронидан навишта шудааст.

Њоло бошад камина нафаќахўр њастам, вале аз соли 1986 бо мардуми зарурманд дарсњои Йога мегузаронам хар сахар ѓайр аз рўзи якшанбе, аз соати 06 то 07 ва аз 08 то 09-и сахарињо. Ин амалиёти камина њамаро бо худам сињату солим мегардонаду мо шоду хуррамона њаёт ба сар мебарем.

Ба гуфтаи мутафаккири фалсафавии Рими ќадим Гиллель ин њол чунин маъние дорад, ки «Агар ман худамро сињат карда натавонам, кї ин корро ба љои ман карда метавонад?» 

Мутафаккири бузурги немис Гёте бошад гуфтааст: «Зиндањо муборизанд, вале зиндањо шахсонеанд, ки дилашон ба маќсали олї дода шуда бошад».

Ин тафаккуротњои одамони бузургро ба тани хеш рўзї карда, барои њамин њам банда њељ дардманд намешавам ва пирии хешро эњсос намекунам. Камина дар синни 91-солагї эњсосоти спортсмени рекордсменро молик њастам. Пас аз он ки худ худашро сињату солим гардониду бузургиётеро ба даст даровард он олими бузурги Рим Гиллель боз чунин фикре баён кард: «Агар камина танњо барои хеш ёрирасон бошам, чї лозим бароям зистан?» Барои њамин њам камина Ассотсиатсияи Йогаи Тољикистон «ИРОДА»-ро сохтам ва тамоми Тољикистону олами хораљро ба пой хезондам, зеро дар интернет китобу маќолањои банда маќом доранд ва ба куллї дардмандону хоњишмандон кумаки арзанда расонида истодаанд. Ќариб дар њама мамоликњои хораљ шогирдон дораму бо онњо алоќа пайвастем.