НИСБАТИ МО

ҲИКОЯТ

АССОТСИАТСИЯИ ЙОГАИ ТОЉИКИСТОН «ИРОДА»

Аз рўзи нахусти ташкилёбиаш (24 марти 1990) Ассотсиатсияи Йогаи Тољикистон «ИРОДА» дар зери роњбарияти президенташ Абдувањоби Муњаммад Собир, дар наздаш ягона маќсад гузошта буд: ба халќи Љумњурии Тољикистон њатмї ёрї расонидан дар бењтар намудани саломатии хеш худ, берун аз истифодаи дорувории дорухона (аптекї). Барои њамин корро ба даст даровардан Ассотсиатсия тамоми фаъолияти хешро ба истифода дод, марказњои зиёди дарсї дар тамоми шањри Душанбе   ташкил намуда, шогирдони дарсдињанда тайёр намуда, онњоро бо њуљљатњои сертиикатї таъмин намуда, китобу маќолањои зиёд дарљ намудан. Дар 13 ќисми шањри  Душанбе дарсњои амалї мунтазам мегузаштанд бе маблаѓгузорї, яъне бепул. Аввал дар поликлиникаи №7 бо иљозати вазири тандурустї Гулнора Комилова оѓоз буд бо касалмандон. Пас аз он ки мо ба боварии духтуронро молик гаштем, моро иљозат дода шуд, худ бе назорати духтурон, дар шањр амал кунем.

Аз рўзи ќабул  ба  Ассотсиатся шогирдони моњир зуд сињату солим гардонии Йогиро њаматарафа дар шањру  ноњияњо ва дар тамоми Љумњурї пањн мегардониданд. Аъзоёни боѓайрат дар клубњо, дар заводу фабрикањо баромадњо мегузарониданд, радио ва телевизорро мунтазам истифода мебурданд, инчунин дар рўзномањо маќолањо дарљ менамуданд. Ин корњоро худи президенти Ассотсиатсия зуд зуд ба анљом мерасониду биссиёр менавиш дар матбуот китобу маќолањо. Њатто њар сол  конфросњои илмї-амалии Љумњуриявї гузаронида мешуд. Соли 2001 Конфронси умумиљањонии илмї-таљрибавї баргузор гардид, ки дар он мутахассисони Йога аз Институти Йогии давлатї аз Дели (Индия) ширкат варзиданд. Дар Конфронсњои дигар њам бисёр аъзоёни Ассотсиатсия боѓайрат кор мебурданд, бахусус дар конфросњое, ки дар Москаву Минск, Ташкент ва Индия шуда мегузашт.

Дар моњи ноябри соли 1989 президенти Ассотсиатсияи Йогаи Тољикистон «ИРОДА» А. М. Собир ба конфронси илмї-таљрибавии Йогї, ки дар Москав мегузашт, таклифќоѓазе бо прогроми Конфронсро ба даст гирифт. Дар он љо ў дар назди йогшиноси бузурги Њиндї Б. К. С. Айенгар имтињон супорид, ки натиљаи он дар рўзномаи Москав «Вечерняя Москва» 22 октябри соли 1989 дар сањифаи аввал бо расми калони А. Собир, ки гирду атрофаш ду шогирди Айенгар ва дар бари онњо тарљумондухтар бо микрофон дар дасташ ва Айенгар њам дар даст бо микрофон баён мекард тарзи иљроиши  Њолати сењрангези Йогиро дар нишасти А. Собир, чоп шудааст.

Пас аз як сол дар Москав боз як Конфронси илмї-таљрибавї баргузор гардид ва дар он 8 нафар аъзоёни Кооперативи Йога «ИРОДА» аз Душанбе ширкат варзиданд, ки онро директори он А. М. Собир роњбарї мекард. Дар ин Конфронс аз рўи ширкати баѓайраташон Кооперативи Йогаи Тољикистонро ба узви Ассотсиатсияи Йогаи СССР ќабул намуданд. Дар ин конфронсњо њогњои машњури 17 мамоликхои љањон ширкарт меварзиданд.

24 марти соли 1990  Ассотсиатсияи Йогаи Тољикистон «ИРОДА» дар зери назорати Ассотсиатсияи Йогаи СССР барпо шуд, бо ширкати шахсии президенти он Л. Н. Тетерников.

Пас аз ширкати арзандаи йогњои Љумњурии Тољикистон дар конфронсњои ишорашудаи боло, шўњрати арзандаи муваффаќиятњои йогхои Тољикистон ба тамоми љањон пањн гардид ва то ба Њиндустон рафта расид. Моњи августи соли 1991 президенти Ассотсиатсияи Йогаи Тољикистон  «ИРОДА» А. М. Собир ба Њиндустон махсус даъватнома ба даст гирифт, барои ширкат варзидан дар Конфронси умумиљањонию 10-мин  мусобиќаи йогии Њиндустон, кадоме, ки 5-8-ми августи соли 1991 дар Дели баргузор  шуд. Ин љо А. М. Собир, намунавор ширкат варзида, мањорати баланди хешро дар Йога намоиш дода, барои гирифтани диплому кубоки  дараљаи аввал ва тўњфањо ноил гардид. Он ваќт тамоми Њиндустонро давр зада, ба марказу институтњои йогї даромада, маърўзаю намоишњои Йогии хешро  муаррифї менамуд, ки онњо 50 раќамро буданд. Мањорату кўшишу ѓайратњои ў дар матбуоти њиндї ба ду забон: англисию њиндї чоп мешуданд.

Дар Институти давлатии Йогаи шањри Бњопали Њиндустон А. М. Собир 40 рўз зиста, ба студентони ин донишкадаи махсуси Йогї аз рўи системаи хеш дарс додаасту ба обрўи баланди донишманди Йогї ноил гардидааст ва ба мутахассиси баланд дошта ќадр гирифтааст, ки ба дипломи  дараљаи аввал муваффаќ гардидааст. Пас аз дар матбуот таърифоти баланду суратњои намоиши йогиаш чоп гардидан, аз њаргуна кунљу канорњои Њиндустон њаргуна мутахассисону њавасмандон, дардмандон ба назди ў меомаданд, барои сўњбат, њамту шиносої ва дардмандон барои табобаташон. Ѓайри чашмдошт, барои таваљљуњи њама, аз сатњи давлатї мушовари роњбари Штати Матњия Прадеш (калонтарин шгтати Њиндустон) принс Мањмвуд Али Хон ба назди А. М. Собир омада, ўро махсус даъват намуд, ки назди роњбар рафта,  бо ў шиносу хешро намоиш дињад. Чї илољ, се нафари дигарро аз институти Йога њамроаш гирифта, рафту зиёда аз ду соат хешро намоиш дод, бо наќли донишу баромадњояш аз  кассета дар Тољикистон. Пас аз як рўз боз А. Собир ба он љо даъват шуд, ки дар Банкети нисбати ў ташкил намуда, ширкат варзад ва дар он љо ўро бо принс Махмуд Али Хон ба хонаи махсуси дамгириаш дароварда, танњо њарду сўњбат оростанд, бе каси дигар њамроњашон. Ин буд нишонаи баланди иззату њурмати Губернатор барои А. Собир. Дар охир онњо расмгирї карданд, ки пас дар матбуот дарљ гардидаанд. Ба А. Собир тўњфањои баландњиммат, мактуби таърифотї шахсан аз номи принс ва бо печати шахсии тиллоии Махмуд Али Хон супорида шуд. Чанд рўз матбуот ба ду забон ин вохўриро дар сатњи олї дарљ менамуд.

Дар толор тамошо мекарданд министри Йогаи саломатї, коргарони аппарати давлатии Матњия Прадеш, оилаи принс Махмуд Али Хон (занаш, духтараш, домодаш ва фарзандони онњо).

Аз Бхопал А. Собир ба назди устодшавандааш Свами Шивом Тирс ба Дањисар Ашрам, ки дар дењаи Дањисар воќеъ буд, таклиф дошт, – ин барои  ба шогирдї ќабул намудану ба роњи васеъи Йогї равон кардан ба њисоб медаромад. Ин маросим хеле хуб анљом ёфт. Пас аз итминони љузъ вохўрї Шивом Тирс  њамоно ба Шветсария барои вохўрии дигар равон шуд.

Прогроми дар Њиндустон будани А. Собир бисёр пањновар буд. Аз Дањисар ў ба сўи шањри Ришикеши муќаддастарину љои зиндагии йогњо равон шуд, ки чун љойро бинаду омўзад ва наѓз шинос шавад. Чанд рўз ин љо гашту гузор намуда бо ашраму гуруњо ва манзарањои зебою бои  саршавии кўњи Њимолой наѓз шинос шуда, ў боз ба Бхопал  равон шуд, зеро дар он љой  дўсти бењтаринаш П. Д. Мишра интизор буд, барои А. Собирро ба Путтапарти Йога Ашрам Прашанти Нилайям рафта, бо Аватар Свами Сатњия Сай Баба бурда шинос намулдан.

Соли 1989 П. Д. Мишра њангоми дар Душанбе њамчун роњбари делегатсияи кооперативии Њиндустон буданаш, бо А. М. Собир наѓз шинос шуда буд ва аз фаъолияти бузурги ў дар Тољикистон дар њайрат афтода буд. Њамроњи аъзоёни делегатсияаш дар хонадони А. Собир чанд бор мењмон шуда буд. Мишра оиди фаъолияти Собир дар Йога маќолањо навишта дар Тољикистону Њиндустон чоп кардааст. Бинобар Йогаро дар Тољикистон наѓз ба роњ монданаш А. Собирро Мишра наѓз дидаасту дар Њиндустон ўро ба њама аљоиботњои Йогї шиносонида, маблаѓгузорї намуда њаматарафа бо љойњои хоб таъмин намуда меистод. Як моњи сайру гашти А. Собирро дар Хиндустон Мишра маблаѓгузорї намудааст. Як доллар њам ўро сарф кардан намемонд. Ба Дањисар Ашраму Ришикеш ў бо А. Собир рафиќаш профессор В. Д. Мењтаро равон карда буд. Ба Путта Парти бошад аз љои кораш як њафта љавоб гирифта, А. Собирро худаш бурда буд, як дўсти наздикаш, устоди рўњии йогї П. С. Васанияро њамроњ гирифта. П. Д. Мишра  дар давлати  он љой ба вазифаи Министри кооператсия кор мекард. Ин сафари бењад аљоиб, пурмазмун ва шавќманд буд. Оиди Сай Баба А. Собир маълумоте надошт, намедонист ў кист дар асл, корњои сењрангези Ўро намефањмид, каме аз дањони Мишра мешунавиду бас. Оиди Ў бори нахуст аз дањони Мишра шунавида буд њангоми Мишра дар Душанбе буданаш. Ваќте, ки А. Собир медид Мишраю Васанияро ба замин хобидан њангоми намудор шудани Сай Баба дар назди одамон. Вай њамту намедонист маънии чунин иззату њурматмандиро ба љузъ як одами ќаду ќомати паст дошта, лек мўйсари бисёр баланду ѓафси футболмонанди сиёњ доштаю чењраи сиёњтоб. Сар ба замин меафтиданд на танњо шарикони ќадрдони камина, балки њамаи ононе, ки дар њавлии калони офтобии ин Ќасри калон ба чунин њолат омада буданд ва онњо шумурданашавандаи тахмин 5 њазор буданд.  Рост менишаст танњо А. Собир, ба њайрат афтода, намедонист чї рафтор созад. Сай Баба майда-майда роњ мерафт дар назди одамони ќатор дузоную чорзону нишаста ва аз дастони онњо мактубњояшонро мегирифт ва њангоме, дастонаш пур мешуданд, онњоро ба хизматрасонони аз ќафо омадаистода медод. Аз дастонаш ким чї гард меборид, мисли аз зери санги осиёюву онро ба дастони дароз шудаи одамон мерезонд. Боз Вай ким-чї чизњо њосил мекарду ба одамон медод. А. Собир њамаи ин корњои сењрангези Сай Боборо намефањмид. Ў меандешид, ки ин ким-чї фокусесту бас, вале П. Мишраю П. Васания бовар мекунониданд ўро, ки ин љо њељ як фокусе нест. Ў фаќат як одами ба Худо наздику дўстдоштаи Оллоњ аст. Оллоњ Сай Боборо ќудратманд намудааст, ки аз номи Ў рафтор карда њамагуна чизњоро офараду ба Сай Бобо боваринок шуда њамчун ба шахси Худодод рафтор намоянд.

Пас аз чанд рўзи дар Ашрами Прашанти Нилайям буданашон аз системаи асаб таранг шудану ба њамаи ин сењрангезињо боварї пайдо накардан, А. М. Собир ба дарди «лихорадка» (табларза) гирифтор шуд. Дар поезде, ки онњо сўи Бхопал савор шуданд, љои нишаст набуд, Собирро касалиаш гам медод. Бо азобу уќубати тоќатнопазир зўран ба Бхопал расида, Мишра хост Собирро ба беморхона барад, лекин ў ин таклифотро ќатъиян рад намуд ва бовар кунонд, ки ў худаш бо роњу рафтори хеш худашро сињат менамояд. Њамин тавр њам шуд, вале сабаби асосии ин касалї ба сењангезињои Сай Бобо бовар накардан буд, ки инро А. Собир фањмид. Пас ў оиди Сай Бобо адабиёт пайдо карду Ўро наѓз омўхт. Њамин тавр, ќариб њар сол А. Собир ба назди Сай Бобо мерафт. Њамааш 4 маротиба ба назди У сафар андешид ва охирон бор соли 1999 буд. Ин дафъа дар Прашанти Нилаям, ки ба Ќасри афсонавї мубаддал гашта буд, Собир 40 рўз зиндагї кард. Пеш аз ин љо рафтан, рўзи охирон дар њавлии калони Ашрам А. М. Собир дар ќатори аввали нишастагон њузур дошт, ором менишасту њатто ба тарафи баромадгоњи Сай Бобо наменигарист, фикр мекард чї айб дорад дар роњу равиши њаёти Йогї, чї гуноње дорад, чї корро нодуруст анљом медињад дар фањмидани Одам Худо Сай Бобо… Ногоњ ў њис кард, дар наздаш касе њаст, сарашро бардошту дид Сай Бобо бо табассум дар наздаш рост истода, андеша дорад. Ў Собирро ба наздаш барои сўњбат дароварда ќариб як соат мулоќот кард аз ину ону Собирро наѓз шинохт ва дар охир барои хотира як Тўњфаи арзандае ба мисли ангуштарини тиллоии Кайњониро аз њаво дошта, ба чилликаш андохт, ки се бриллиант дошт. Ин рўзи хушбаттарине буд барои А. Собир. Ў 10 сол инљониб ба љузъ тўњфае интизор буд.

Аз соли 1991 то соли 2013 А Собир ба Њиндустон 10 маротиба сафар андешид, ки љузъ сафарњо сабаб доштанд: ширкат варзидан дар маросимњои байналмиллалии Йогї, конфронсњо, мусобиќањои Йогї, шиносої бо амалиётњои Йогї, дар марказу институтњо ва Академияи Йогї ва вохўрињо бо устодони моњиру номдоштаи фахрї будан. А. Собир хатто дар радиою телевизиони Њиндустон баромадњо кардааст, оиди таљрибаи кориаш бо усули Йога дар ватанаш Тољикистон. Дар бисёр таълимгоњњои Йогї А. Собир дарсњои амалии хешро гузаронидлааст, ки сардоронашон ба ў диплому сертификатњои номї супоридаанд. Ў њатто 12 рўз дар Академияи Йогии Ришикеш ба гурўњи умумихалќї дарс гузаронидааст бовариноку ба тўњфаю дипломи фахрї ноил гаштааст. Њамин тавр ў дар бисёр марказу донишкадањои Йогии Њиндустон узви фахрї ба њисоб медарояд.

Дар љумњурии мо Тољикистон аъзоњои Ассотсиатсия, шахсан худи президенти Ассотсиатсия Абдувахоби Мухаммад Собир ба тамоми шањру район ва диёрњою ќишлоќњо рафта, баромадњои илмию намоишї, омўзишии сихатшавї мегузаронид. Барои зудтар сињату солим гардонидани сокинони љумњурї дар шањри Душанбе  мактаби тайёрии мутахассисон шогирдон барпо шуда буд ва он то њол амал дорад. Радио, телевизор, матбуот баромадгоњњои асосї ба њисоб медаромаданд, ки тасдиќи онро дар мактубу баромадњои таърифотии шунавандагон мебинем. Зуд-зуд маљлису конфросњои илмию таљрибавї љой доштанд. Сокинони шањру диёрњои дурдасти љумњурии Тољикистон мактубу маќолањои таърифотї мефиристониданд. Дар конфронсњо бисёр њавасмандону беморон аз њамаи кунљу канорњо меомаданду аъзои Ассотсиатсия мешуданд. Дар театри Опера ва Балети шањри Душанбе ду маротиба баромадњои йогњои пешќадами Ассотсиатсия бо сифати баланди адабї намоиш дода шуда буд.

Њамин тавр, Ассотсиатсияи Йогаи Тољикистон «ИРОДА» ба љањони калон машњур гардид, зеро пас аз хар як бозгашти А. М. Собир аз Њиндустон, мактубњои таърифотию таклифотї ё ба Германия, ё ба Польша, ё ба Африќою дигар мамоликњои љањон, инчунин ба Россия меомаданд, вале ў љумњурии хешро бе назорати хеш гузоштан намехост, зеро метарсид дар хораљ батамом мемонад. Йогњои бузург ва шоири Њиндустон оиди ў шеърњо бофтаанд, маќолањои таъхрифотї навиштаанд, њатто китобњо чоп шудаанд ба забонњои русию узбекї. Оиди роњбари Йогаи Тољикистони А. М. Собир  дар њар як хонадону оила, дар корхонаю берун аз онњо бо мењру муњаббат ва сифати олї вирди забон мешуданд.

Теги: студияи йога, йога Душанбе