Президенти Ассотсиатсия: Абдувањоби Муњаммад Собир

Президенти Ассотсиатсияи Йогаи Тољикистон «ИРОДА», Гуру ва муаллиму Устоди Йога Абдувањоби Муњаммад Собир (лаќабаш Йогишварананд) 10 маротиба ба Њиндустон сафар оростааст ва дар натиљаи ширкати арзанда варзидан бо устоду муаллимон (гуруњо) дар марказу институт ва Академияи Йога дар шањри Ришикеш ва дар баъзе аз он љойњо дарсњои амалии хешро гузарониданаш ба ў диплому сертификатњои фахрї пешниходаанд, бо мактубњои пурэњтирому баландмартаба, ки аз хонда шунавидани онњо дил мисли гул равшану шукуфон мегардад. Бахусус диплому сертификатњои баландсифат аз институти Йогаи давлатии шањри Бњопал ва Академияи Ришикеш дода шудааст бо тўњфањояшон, ки басо назаррасанд. Як диплом аз Федератсияи Йогаи Мински Белороссия сарфароз гаштааст, он љо 4 моњ дар Докторантура буда, бо кулли амалиёти йогии он љой њамкорї намуда, ба онњо чунон мањќул шудааст, ки дар тамоми марказњои йогии Минску Академияи фанњо, клиникаи табобатї-физкультурї моњи дароз дарс додааст, дар чанд љойњои спортї намоишхо гузаронидааст, ки дар натиља дар рўзномаи љавонон 15 дарсњои ўро чоп намудаанд. Хамин тавр ў дар Мински Белороссия ба обрўи баланд сарфароз гардидааст.

Аз Минск бо њамроњии ду нафар йогачињои роњбарикунандаи Федератсияи Белороссия ба Москав барои ширкат дар Конфронси илмї-амалии умумиљањонї сафар мекунакнд. Дар ин Конфронс аз 17 мамоликњои љањон вакилњо буданд ва аз Њиндустон йогачии бузурги обрўмандтарини љањон Б. К. С. Айенгар чун роњбари ин Конфронс њузур дошт. Рўзи охирони Конфронс  ин Устоди бузург кулли йогњои СССР (15 њазор) ва хориљиёнро аз зери назорату санљиши хеш гузаронид дар толори бузурги спортии Университети Ломоносов. Айенгар дар сањна меистоду бо ду нафар шогирдонаш (яке њиндустонї, дигаре фросавї) асанањоро аз Йогаи 5000-сола номгузорї мекард  ва касоне аз толор баромада намоиш медоданд… Камина њамроњи минчанињои дар як мењмонхона љанд рўз боз њамроњ зиста омада, рост истода тамошо мекардем. Ман шиму костюму галстук, фасон истода тамошо доштам, ки кї чї хел асанањоро иљро мекунад. Пас аз чанде ваќт овози Айенгар баланд шуд ба англисї ва тарљумондухтар ба русї гуфт:

– Кї СИДДХАСАНАро иљро мекунад?

Дар толори калон хомўшї фаро гирифт ва касе љуръати баромадану намоиш додани ин аввалин асанаи 8 миллиону 400 њазор асанањоро надошт…

– Рав, Абдувахоб, ту метавонї, мо дида будем, чї хел дар мењмонхона ту њар сањар иљро мекардї. Чунин имконият дигар пайдо намешавад!…

– Бин, ман чї анљом дорам… – гуфтам, ба сару либоспўшиам ишора карда.

– Зуд  њама пўшокатро кашу ин изори маро бипўшу тез баро! – гўфт Виктору маро тела дода дар бурчи толор бриджаашро пўшониду сўи сањна, ки чанд даќиќа боз њама интизор буданд, бахусус Айенгар чанд маротиба СИДХАСАНА гўфта ба толор назар афкандан….

–  Инљо марњамат! – гуфту ў ба мизи кучаки пасте дар мобайни сањна ишора кард. Ман зуд асанаи дилхостаи Айенгарро басифат анљом дода нишастам. Ў бо дасти чапаш (дасти росташ микрофон дошт) пойњои маро даст заду «Бемалолу њамвор бинишин гуфт» ба англисї, ки ман зуд фањмида,  биншастам бо ќомати рост. Пас ў ба толор ишора када, маънї, вазифа ва сири бузурги ин њолатро фањмонида дод. Дар толор ќарсакзанї  ба гўш расид. Мухбирон расм мегирифтанд.

Бо ишораи Айенгар аз асана баромадаму ба толор фуромадам, ки наздам йогњои амрикої се нафар (ду зану як мард) омада…

– Ин китобро муаллифонаш барои шумо фармудаанд, ин нусхаи аввал аст, нав аз чоп баромада, – гуфта рўи зонуашон монда , ким-чї навишта, ба каминаи дар айрат афтода, дароз карданд. Китоби калони йогї буд, ки он ваќт чунин китобе набуд њељ чой.

– Рањмат! – гуфтаму њамроњи Виктор аз толор зуд баромадем, чунки ба поезди Минск ваќти кам доштем равем.

 Њаминтавр, Гуруи мо имтињон супоридааст ба бањои «АЪЛО» ба муаллими бузург ва Гуруи тамоми љањон шинохта шуда аз Њиндустон Б. К. С. Айенгар, исми кадоме, ки вирди забони кулли йогњои љањонанд. Ин маъние дорад, ки дар байни 15 њазон йогњои СССР ва вакилони 17 мамолики хораљ, ки он Чой њузур доштанд, А. Собир низ чун машњур гардид ва болои лавњаи  тамоми љањон баромад. Њамон рўз бегоњ он расми А. Собир дар ињотаи Айенгару шогирдонаш ва тарљумондухтар дар рўзномаи «Вечерняя Москва» (22 ноябри 1989) дар сањифаи аввалаш калон чоп шудааст.

Абдувањоби Собир боз дар 3 конфронсњои умумиљањонї ширкат варзидаасту имтињони пешќадам дар Йога буданро супоридааст (Москав, 1989, 1990) ва дар Њиндустон (1991). Пас як конфронсро ў худ бо ширкати сафоратхонаи Њиндустон дар Душанбе соли 2003 бомуваффаќият гузаронид. Ў муаллифи бисёр китобу маќолањои насињатию васиъатии йогї дарљ намудааст, дар матбуотњои Душанбею Москав, Мински Белороссия, ОАЭ Дубай ва Њиндустон. Насихатгарона њатман ба Йога машѓул шуданро васиат намуда, ў ваъда медињад, ки гар касе боваринок ба Йога часпад 100% сињат мешавад бе дору. Боварї ва Мењру Муњаббат шарти асосї ба њисоб медарояд.

  • Соли 1986 А. Собир 5 сол муќаддам пешгўї намуда, аз вайрон шудани СССР огоњ намудааст, бо мактубе ба рўзномаи «Известия» ба Москав фиристонида. Он мактубро номидааст: «Мактуби кушод ба номи Президент Михаил Сергеевич Горбачёв». Мактубро чоп накарда љавоб гардонидаанд, ки ба ЦК КПСС худ мурољиат кунад. Бо мактуб шинос шудан мумкин дар китоби А. Собир «Искусство жить сотни лет и здравствовать» ва «Любите нашего Президента Эмомали Шариповича Рахмонова», Душанбе, 2004. Ба љавоби гирифтааш аз матбуот ризо нашуда, ў сўњбатгузорї намудааст бо аввалин президенти Љумњурии Тољикистон Рањмон Набиев, дар утоќи кориаш 35 даќиќа. Дар охир Рахмон Набиев розї шудааст прогроми Йогаро дар сатњи давлатї ба истифода барад ва гуфтааст: «Ман аввалин шогирди шумо бояд шуд!»
  • Пас аз марги ногањонии Ў, А. Собир бо  Раиси Совети Олии ЉТ Ѓоибназар Паллаев сўњбат оростааст, лек бе натиљаи кофї.