Таърихи мухтасари Йога

Ба вуљуд омадани Йога яке аз шашшумин фалсафаи Њиндустонї ба њисоб медарояд. Вай ба чанд равия таќсим мешавад, ки онњо чунинанд:

  1. КРИЯ-ЙОГА – таълиму тарбияи фикру андеша, аз даруну берун тоза будан, яъне тозагии бадан ба тарзи Нияма, ки Шауча ном дорад, баодобу интизоми ќавї доштан.
  2. ХАТХА-ЙОГА – ин машќњои љисмию нафасї мебошад, ки АСАНА ВА ПРАНАЯМА ном доранд.
  3. РАДЖА-ЙОГА – ин фикру хаёлкунї, ба чизе дар назду хаёл диќќат љалб намудан аст.
  4. КАРМА-ЙОГА – ин худтараќќїдињї бо мењнат ва серњаракатї дар харкуљое, ки одам њузур дошта бошад.
  5. ДЖНАНИ-ЙОГА – ин донишомўзї оиди Оллоњ, оиди Њаќиќат (Хаќиќати Кайњонї) барои одами њаќиќии рўњї мубаддал гардидан аст.
  6. БХАКТИ-ЙОГА – ин Мењру Муњаббат ба Оллоњу нисбати Ў дода шудан, яъне Мухаббати калон ба Оллоњу одамон ва нисбати хеш мебошад.
  7. ЛАЯ-ЙОГА – ин ритму харакати вай нисбати њаёти наѓзу зебо ва њаёти аълои бо Кайњон мувозанат пайдо карда шуда.
  8. МАНТРА-ЙОГА – ин тарзи љунбиши овоз ба монанди сароидани калимањои махзсус чун мантрахонї, яъне хушрў сурудхонї аст.

Дар байни ин њаргуна намуд ХАТХА-ЙОГА яке аз хеле бењтарин шинохта шуда ва бењад муњимтарин ба њисоб медарояд. Вай тарзи заруртарин ва шарти муњими аз сар гузаронидани хаёти солимонаи одам дар Њиндустону тамоми дунё, бахусус дар Гарбу Аврупо мебошад. Йога дар Чумњурии мо Тољикистон низ машњур гардид.  Моњи сентябри соли 1986  Кооперативи Йога дар поликлиникаи №8 дар зери роњбарии духтури калон Эсан Тољибоев ташкил шуд. Соли 1990 (24 март) Ассотсиатсияи Йогаи Тољикистон «ИРОДА» ба дунё омад.